Нақши Конститутсия дар эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд

Октябрь 29, 2015 08:15

Душанбе, 29.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бо ташаббуси Суди конститутсионии мамлакат ба муносибати 21-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ» мизи мудаввар баргузор мегардад. Чорабинӣ 2-юми ноябри соли равон дар Суди конститутсионӣ доир шуда, дар он мутахассисону коршиносони соҳа оид ба конститутсия  маърӯза мекунанд.
Хотиррасон бояд шуд, ки Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.

 

Октябрь 29, 2015 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд