Нақши соҳаи туризм дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ
Душанбе, 08.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Шурӯъ аз дирӯз, 7-уми октябри соли равон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба таҷлили Ҳафтаи соҳибкорӣ ва нахустин «Рӯзи соҳибкор» баррасӣ намудани нақши соҳаи сайёҳӣ дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамзамон тарғибу ташвиқи имкониятҳои туристии мамлакат як зумра чорабиниҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ба нақша гирифтааст, ки то 20 октябр идома меёбанд.
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутхассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар доираи ин чорабиниҳо рӯзҳои 7, 12, 15 октябр дар ноҳияҳои Варзоб, Ҳисор, Ишкошим семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки роҳбарияти муассисаҳои олии таълимӣ, субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм, оид ба масъалаҳои рушди самараноки фаъолияти туристӣ ва баррасии таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратии инвеститсионӣ баргузор мешаванд. Ҳамзамон 12 октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон семинари омӯзишии рушди туризми экологӣ низ доир мегардад.
13 октябр дар шаҳри Кӯлоб конфронси минтақавии сайёҳӣ таҳти унвони «Афзалиятҳо барои рушди туризми устувор» ва 16 октябр дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии “Туризми дар ҷомеа асосёфта дар Осиёи Марказӣ” бо иштироки намояндагони Созмони ҷаҳонии туристӣ, давлатҳои Испания, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон ва Қазоқистон вобаста ба рушди туризми ҷомеасоз дар кишвар ва баланд бардоштани нақши соҳибкории хурду миёна дар беҳтар сохтани инфрасохтори сайёҳӣ баргузор мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






