Нахустин «Маркази омодагии олимпӣ» дар Тоҷикистон
Душанбе, 27.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар вилояти Бадахшон нахустин «Маркази омодагии олимпӣ» дар заминаи Маҷмааи бошукӯҳи варзишие, ки дар доираи сафари Президенти кишвар ба шаҳри Хоруғ 30 августи соли равон ифтитоҳ гардид, таъсис дода шуд.
Масоҳати умумии марказ зиёда аз 1 гектарро ташкил дода, беш аз 17 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ барои сохтмон ва таҷҳизонидани он сарф шудааст. Иншооти мазкур дорои толори калон барои 1700 ҷойи нишаст, толорҳои хурд, комплекси барқароркунии саломатӣ ва варзиш, тайёрӣ ва омодагии дастаҳои яккачини вилоят барои иштирок дар мусобиқаҳо, чемпионатҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва утоқҳои корӣ мебошад.
Маркази омодагии олимпӣ имкон медиҳад, ки дар тамоми фасли сол дар ин минтақаи кўҳӣ мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва ҳатто сатҳи байналмилалӣ доир шаванд.
Дар назар аст, ки дар қаламрави кишвар 5 маркази омодагии олимпӣ» таъсис дода шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






