Нахустин тавлидоти матоъҳои омехта дар Тоҷикистон

Октябрь 20, 2015 12:56

Душанбе, 20.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- Дар корхонаи Нассоҷи Хуҷанд истеҳсоли матоъҳои омехта аз нахи пахта ва нахҳои сунъӣ ба роҳ монда шуд, ки ин кор  бори нахуст дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба роҳ монда шудааст.
Боиси хушнудӣ аст, ки дар корхонаи Нассоҷи Хуҷанд ҳамчунин бори нахуст коркарди пурраи нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шудааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки ба роҳ мондани коркарди пурраи нахи пахта, яъне корҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯхти либос аз матоъҳои пахтагӣ аз ҷумлаи супоришҳои доимӣ ва талабу пофишориҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст. Чунонки аён мегардад, татбиқи амалии ин супориш бори аввал дар корхонаи Нассоҷи Хуҷанд ба роҳ монда шуд.
Ҳоло дар ин корхона бо ворид намудани таҷҳизоти муосири технологӣ истеҳсоли матоъҳои гуногуни пахтагин ва матоъҳои омехта аз нахи пахта ва нахҳои сунъӣ ва ҳамчунин дӯхти либосҳо барои низомиён, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва либосҳои корию мактабӣ ба роҳ монда шуда, наздики 700 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ, бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Бино ба маълумоти роҳбарияти корхона мушкилии асосии “Нассоҷи Хуҷанд”  нокифоягии фармоиш ба маҳсулоти он аст. Аз ин хотир, корхона бо иқтидори пуррааш фаъолият карда наметавонад. Аҳли заҳмати корхона омодаанд, ки дар сурати афзун шудани фармоиш ба маҳсулоташон иқтидори истеҳсолии онро пурра ба кор бурда, дар тавлиди молҳои воридотивазкунанда дар Тоҷикистон саҳми намоёни худро гузоранд.
Тибқи иттилои расида дар 9 моҳи соли равон дар ин корхона ба ҳаҷми 3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллион сомонӣ зиёд аст. Сафи харидорони маҳсулоти хушсифати корхонаи Нассоҷи Хуҷанд ва мутаносибан ҳаҷми истеҳсолоти он рӯй ба афзоиш дорад ва роҳбарияту коргарони он бовар доранд, ки ояндаи наздик саҳми Нассоҷи Хуҷанд дар истеҳсолоти ватанӣ ва рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон намоён хоҳад шуд. 

 

Октябрь 20, 2015 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!