Намоишгоҳи «Шамоил. Асрҳои Х1Х-ХХ. Сухан ва тасвир»
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз намоиши «Шамоил. Асрҳои Х1Х-ХХ. Сухан ва тасвир» баргузор гардид. Намоиши мазкур бо дастгирии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии «Россотрудничества» дар Тоҷикиситон доир гардид. Дар экспозитсия наздики 50 намунаи шамоилӣ чоп шуд, ки он нишонаҳои асри ХХ мебошад ва аз хазинаи Фонди дастгирӣ ва рушди барномаҳои илмӣ-фарҳангии ба номи Шаҳобуддин Марҷонии шаҳри Маскав намоиш дода шудааст.
Дар ифтитоҳи намоишгоҳ Сафири Фавқулода ва Мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, роҳбари намояндагии «Россотрудничества» дар Тоҷикистон Владислав Корнушко, Президенти Фонди дастгирӣ ва рушди барномаҳои илмӣ-фарҳангии ба номи Шаҳобуддин Марҷонӣ Рустам Сулаймонов ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарипов сухан карданд.
Мақсад аз баргузории намоиши мазкур рушди ҳамкории мутақобила ва мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ миёни халқҳои бародари Русия ва Тоҷикистон мебошад, зеро ин ду давлат таърихан бо анъанаҳои ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд.
Шамоил намуди махсуси санъати тасвирӣ буда, он асри Х1Х дар замони ислоҳотхоҳӣ дар ҷаҳони ислом пайдо шуда, дар байни тоторҳои Поволжеи Миёна паҳн шудааст. Маънои калимаи шамоил аз забони арабӣ «сифати сириштӣ, тинат, шараф» мебошад. Дар шамоил пайвастшавии мутаносиби рассомӣ ва хушнависӣ: сухан ва тасвир зоҳир гардида, он рамзи ба худ хоси эътиқод буда, дар як вақт ифодагари вазифаҳои маърифатӣ ва ҳифозатӣ буд. Шамоилҳо аз рӯи усули тасвир дар рӯи шиша, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Анъанаҳои ин намуди санъат солҳои 1950 аз нав эҳё гардида, дар офаридаҳои зиёди мусаввирони муосири тотор мавҷуданд.
Намоишгоҳ то 20 ноябр идома хоҳад ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






