Насли солим аз оилаи солим аст
Ҳисор, 22.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Баъди таъмиру таҷдиди ҷиддӣ саҳни Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор — ин мавзеи таърихӣ барои баргузории чорабиниҳои гуногун мувофиқтару муносибтар гашт. Имрӯз дар ин ҷо бахшида ба гиромидошти Соли оила чорабинии муҳим — «Солномаи оила» доир гардид. Намояндагони бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро дар ин ҷо ботантана пешвоз гирифтанд. Меҳмонон бо намоиши либосҳои миллии арӯсию домодии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ошно гардиданд. Сипас, суҳбати оилаҳои ҷавон бо оилаҳои солдида ҷараён гирифт. Дар назди ҳозирин ба 12 ҷуфти навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳо супорида шуданд. Ба ду оилаи беҳтарин, ки яке 50 сол ва дигар 25 сол бо ҳам зиндагӣ кардаанд, туҳфаҳои арзишманд тақдим гардиданд.
Тавре ки Нисо Холдорбекова — мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҳисор иброз дошт, бахши мазкур ба истиқболи Соли оила силсилачорабиниҳои гуногунро дар тамоми ҳудуди ноҳия барои мустаҳкам кардани оилаҳои ҷавон, пешгирӣ аз никоҳи хешовандӣ, тарбияи насли солим дар оилаи солим як зумра корҳои муҳимро ба анҷом расонд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






