Нигораҳои миллии Тоҷикистон дар Осорхонаи Британия (The British Museum)
Душанбе. 14.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ба Осорхонаи Британия (The British Museum) нигораҳои миллии Тоҷикистон, аз ҷумла либосҳои миллӣ, зарфҳои хӯрокхӯрӣ, асбобҳои мусиқӣ, кундалҳои анъанавӣ ва ашёи қадими рӯзгори мардуми Тоҷикистон (ҳамагӣ 67 намуд) супорида шуданд, ки онҳо ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷараёни боздид аз Осорхонаи Британия моҳи июли соли 2014 дар доираи сафар ба Британияи Кабир пешниҳод гардида буд.
Ҳамзамон пас аз сафари Вазири корҳои хориҷӣ ба Британияи Кабир як ҳайати Осорхонаи Британия ба Тоҷикистон сафар намуданд. Зимни боздид намояндагони Осорхонаи Британия аз осорхонаҳои шаҳри Душанбе, маъбади буддои Аҷина-Теппа, шаҳраки Ҳулбук, Саразм ва “Тахти Сангин” дидан карда, маълумоти муҳим доир ба ҷойҳои таърихӣ ва археологии Тоҷикистон ҷамъ оварданд.
Ин иқдом барои барқарор намудани ҳамкорӣ байни осорхонаҳои Тоҷикистон ва Осорхонаи Британия ва густариши робитаҳои фарҳангии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






