ҲНИТ натавонист дар дили мардуми кишвар ҷой ёбад

Октябрь 9, 2015 05:43

Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аслан дар давлате, ки роҳи демократияро пеш гирифтааст,  ҳизбу ҳаракатҳои гуногун фаъолият мекунанд.  Дар баробари талош барои музаффарият дар интихобот ва ишғоли курсиҳои Парлумон ва ҳукумат  тамоми ҳизбу ҳаракатҳо кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри пешрафти иқтисодиёт ва вазъи иҷтимоии давлат барномаҳои муфидро пешниҳод ва тибқи он амал намоянд. Ҳамчунин бар нафъи халқ  амали хайреро ба ҷо оранд, то мақоми  ҳизби мардумиро дар ҷомеа пайдо намоянд. Тоҷикистон  низ  чун давлати дунявию демократӣ ин роҳро пеш гирифт. Таъсис ва фаъолияти 8 ҳизбе, ки дар кишвар вуҷуд дошт, исботи ин фикр аст. Аммо ҲНИТ муддати чанд соли охир , ки дар мамлакат фаъол буд ва ҳатто дар Парлумони кишвар намояндаи мардумӣ дошт, натавонист ҳамчун ташкилоти сиёсӣ дар дили мардуми кишвар ҷой ёбад. Аз ин рў бо хоҷаҳои аҷнабии худ  аз паи  тарҳрезии  нақшаҳои муғризона ва ҷамъи силоҳ даст зада, оқибат  хост аз тариқи ҳуҷуми мусаллаҳона  ғасби ҳукумат кунад. Вале, мардуми шарифи кишвар амали хоинонаи онҳоро дастгирӣ накарданд, ба ин гурўҳи ҷиноятпеша ва хуношом касе напайваст, тамоми ҳизбҳои амалкунандаи Тоҷикистон  ин амали ноҷавонмардонаро маҳкум карданд   ва гурўҳи тафриқаандоз,  ифротиву террористии ҲНИТ мағлуб гардид. Бастани дари чунин ташкилоте, ки монеаи сулҳу салоҳи кишвар аст, талаби қонун мебошад, зеро:
 Тараҳҳум бар паланги тездандон.
Ситамкорӣ бувад бар гўсфандон.
Саъдӣ Ҳазратқулов
сармутахассиси бахши ҷавонон,
варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода
  
    

 

Октябрь 9, 2015 05:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд