Низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом
Душанбе,20.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 19 ноябр дар мавзӯи «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалиро гузаронад.
Интизор меравад, ки дар конфронс масъалаҳои марбут ба омӯзиши заминаҳои назариявӣ ва методологии муносибати миллат ба дин, ҷойгоҳи унсурҳои динӣ дар фарҳанг ва ҳувияти миллӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқию сиёсии муносибати давлати дунявӣ ба дин, нақши унсурҳои динӣ дар низоъҳои идеологии ҷаҳони ислом, омили динӣ дар бархурди манфиатҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон баррасӣ гарданд.
Аз Маркази исломшиносии назди Президенти кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар конфронс ҳамзамон масоили вобаста ба бархурди идеологии идеяи ташаккули миллат бо дин дар олами ислом, равандҳои сиёсии миллатгароӣ дар кишварҳои мусулмоннишин, заминаҳои мавҷудияти миллат-давлатҳои миллӣ дар ҷаҳони ислом, стратегияи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳои мусулмонӣ ва масъалаи ҳифзи миллат-давлат ва мушкилоти муносибати тамаддунҳо дар ҷаҳони ислом матраҳ хоҳанд гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






