Ноболиғ барои дуздӣ дастгир гардид
Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — 29 октябри соли равон ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ сокини 20-солаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015 дар назди бозори “Корвон”, шахси номаълум бо тариқи шикастани оинаи мошини шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, аз дохили он як ноутбук, як диски хотиравӣ, ду китоби дарсӣ ва дигар асбоби техникӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 400 доллари ИМА-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ноболиғ, ҷавони 15-солаи сокини ноҳияи Панҷро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Ҳамчунин муайян карда шуд, ки дастгиршуда рӯзи 18.09.с.2015 дар бозори “Корвон”, бо тариқи шикастани тирезаи мошини дигари тамғаи “Опел-Астра”, ки ба зани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, аз дохили он 1500 сомонӣ маблағи пулиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






