Нуробод: Қабули табибон ба кори доимӣ
Нуробод, 01.10.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Масъулини беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод имсол 7 мутахассиси ҷавон ва 15 мутахассиси дорои маълумоти миёнаи тиббиро ба кори доимӣ қабул карданд, вале ҳанӯз ҳам мушкилоти нарасидани мутахассисони касбӣ, аз қабили духтурони ғадудшинос, бемориҳои дарунӣ ва дилшинос дида мешавад.
Соли ҷорӣ ошхонаи беморхонаи мазкурро аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ба истифода дода, сохтмони бинои дуошёнаи иловагии беморхонаро оғоз карданд.
Мушкилоти дигари Беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод-ин надоштани баъзе таҷҳизоти замонавӣ мебошад, ки умед доранд бо кумаки Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ онҳоро дастрас мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






