Оғози cафари кории Президенти кишвар ба вилоят Суғд

Октябрь 18, 2015 03:08

Душанбе, 18.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ ба вилоят Суғд сафар кард.

Сафари кории Сарвари давлат дар вилоят аз 18-ум то 21 — уми октябр ҷараён гирифта, дар давоми он Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Ғончӣ, Истравшан, Қайроққум, Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанд иншооти таъиноти гуногуни хоҷагии халқро ифтитоҳ карда, бо вазъи корҳои саҳроӣ, ободонию созандагӣ шинос шуда, бо сокинону фаъолони вилоят суҳбату мулоқотҳои судманд доир менамояд.

Ифтитоҳи маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Айнӣ, ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент дар ноҳияҳои Айнию Панҷакент, ба фаъолият оғоз кардани зеристгоҳи барқӣ, ба истифода додани хатти баландшиддати неруи барқ дар шаҳри Қайроққум, кушодани корхонаҳои заршӯию маъдантозакунӣ дар шаҳри Панҷакент, шиносоӣ бо корҳои саҳроӣ дар Панҷакент, оғози корҳои обёрии заминҳои обию лалмӣ ва истифодаи биноҳои истиқоматӣ барои афсарони қушунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ғончӣ, оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки навбунёди Баҳористон дар Истаравшан ва дигар тадбирҳои созандагӣ аз барномаи асосии сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти  Суғд мебошад.

Ҳадаф аз татбиқи ҳамаи ин чорабиниҳо таъмини зиндагии осоиштаю сазовори мардуми кишвар мебошад, ки аз сиёсати неку бобарори роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат сарчашма мегирад.

Октябрь 18, 2015 03:08

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд