Олга Гаврук: Муносибатҳо дар соҳаи маориф густариш меёбанд
Душанбе,16.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Аз 15-то 18 уми октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон доир мегарданд. Муносибатҳои Тоҷикистону Беларус дар ҳамаи соҳаҳо дар сатҳи олӣ қарор доранд,-гуфт Олга Гаврук-сафири Беларус дар Тоҷикистон имрӯз, 16 октябр зимни ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон.
Ба гуфтаи сафири Беларус дар Тоҷикистон бахусус солҳои охир дар баробари муносибатҳои фарҳангӣ, муносибатҳо дар соҳаи маориф низ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд: «Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф хеле хуб мебошанд. Мо факултети муштараки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии технологии Беларус дорем, ки имсол дар он наздик ба 200 донишҷӯро қабул карданд ва наздик ба 100 донишҷӯ аллакай таҳсили худро дар ин факултет дар Беларус идома дода истодаанд. Лоиҳаи нави таъсиси ин гуна факултети муштарак дар ДМТ низ вуҷуд дорад »,-иброз дошт Олга Гаврук.
Ёдовар мешавем, ки дар давоми баргузории Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоиши аксҳо ва филмҳои ҳунариву тасвирӣ дар кишвар дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






