Ғолибияти Фаррух Салимов дар чемпионати Осиё
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Бангкоки давлати Таиланд варзишгари тоҷик Фаррухи Салим дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба дзюдо дар вазни 90 кило ғалаба ба даст оварда, медали тиллоро ба гардан овехт. Ин барои аввалин бор аст, ки варзишгари тоҷик дар риштаи дзюдо дар байни ҷавонон унвони Қаҳрамони дзюдои Осиёро соҳиб мегардад.
Аз ин пештар дар ин чорабинии бонуфузи варзишӣ варзишгари дигари тоҷик Хуршед Маҷидов дар байни наврасон соҳиби медали тилло гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






