Ғолибони озмуни «Тирамоҳи заррин» муайян шуданд
Хоруғ,19.10. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Озмуни «Тирамоҳи заррин» бахшида ба Рӯзи Меҳргон дар боғи шуъбаи табиатшиносони ҷавон бо ибтикори Маркази эҷодии кӯдакону наврасони вилояти Бадахшон гузаронида шуд.
Дар озмун ҷонишини директори Маркази кӯдакону наврасони вилоят Силталӣ Силталиев гуфт, ки озмуни «Тирамоҳи заррин» ҳар сол байни кӯдакону наврасони вилоят гузаронида мешавад. Дар озмун онҳо метавонанд дониши худро сайқал диҳанд ва маҳорати худро дар он нишон диҳанд.
Тавре ки Отамшо Мақбулшоев, сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Бадахшон арз дошт, баргузории чунин озмунҳо дар ҷалби кӯдакону наврасон ба корҳои ҷамъиятӣ ва хониши иловагӣ мусоидати бештар дорад.
Озмуни «Тирамоҳи заррин» аз шартҳои зерин: намоиши дастранҷи кӯдакон- навгониҳои техникаву технология, маҳсулоти кишоварзӣ, сабзазоркунӣ, муҳофизати муҳити зист ва ғайра иборат буд.
Ҳайати доварон ба ғолибони озмун мукофоти пулӣ ва ифтихорномаҳои маркази эҷодии кӯдакону наврасони вилоятро тақдим намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






