Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсия иштирок мекунад
Душанбе, 03.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади боз ҳам наздик намудани ҳамкории милитсия бо мардум, афзудани боварии халқ ба он, инчунин барои мувофиқ гардонидани фаъолияти милитсия ба меъёрҳои байналмилалӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ислоҳоти милитсияро амалӣ гардонад. Ин иқдоми Ҳукумат аз тарафи созмонҳои байналхалқии ҳимояи ҳуқуқи башар ва САҲА ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.
Вобаста ба ин моҳи майи соли равон Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд таъсис ёфтааст, ки дар муҳокимаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии ислоҳоти милитсия иштирок мекунад. Рӯзҳои 25-26 сентябри соли 2015 дар ш. Қайроққум бо иштироки Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, Бобоназарзода А., роҳбарият ва кормандони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, намояндагони САҲА дар Тоҷикистон Маҳмадиев Ҳ., Аминов У. ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар вилояти Суғд машварат баргузор гардид. Иштирокдорони машварат ҳуҷҷатҳои муҳимтаринеро, ки барои амалӣ гардонидани ислоҳоти милитсия заруранд, аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия», лоиҳаи Низомномаи «Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии ҶТ», Кодекси ҳамкории мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро мавриди муҳокима қарор доданд. Аъзои Шўро аз вилояти Суғд баъди шиносоии бевосита ва муҳокимаи лоиҳаи ҳуҷҷатҳои мазкур изҳор доштанд, ки санадҳои номбурда барои ҷомеа, ҳамкории он бо милитсия таҳрир ва тафсири ҷиддиро тақозо дорад. Бинобар ин аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ вазифадор шуданд, ки лоиҳаҳоро бори дигар мавриди баррасӣ қарор дода, таклифҳои худро пешкаш намоянд.
Муртазоев С., Ахмедов Н.И.- аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар вилояти Суғд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






