Ҷоми Осиё: Баҳрайн — Малдив 4:0
Душанбе, 02.10.2015 (АМИТ «Ховар»). Дар бозии нахустини интихобии Ҷоми Осиё дар гурӯҳи «F» дастаи мунтахаби Баҳрайн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар тими мунтахаби Малдив бо натиҷаи 4 бар 0 пирӯз шуд. Бозӣ аз аввал то ба анҷом бо бартарии футболбозони кишвари Баҳрайн гузашт. Агар маҳорати фардии дарвозабони Малдив Маиш Муҳаммад намебуд, шумораи голҳо аз ин бештар мешуд. Дар натиҷа ба Муҳаммад Ҷосим Муҳаммад Алӣ муяссар шуд , ки дар ин бозӣ ду гол занад. Қисми дуввуми бозиро малдивихо баъди аз майдон ронда шудани Солеҳ Маҷдхон 10 нафара ба анҷом расониданд. Дар охири бозӣ муаллифи голи дувуми Баҳрайн Талол Алӣ Аннор низ аз майдон ронда шуд. Акнун дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ироқ вориди майдон мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






