Ҳомид Карзай аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан кард
Душанбе, 23.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз зимни сафари хеш ба Тоҷикистон собиқ Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон Ҳомид Карзай аз Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» боздид намуда, бо таърихи халқи тоҷик аз давраи санг то имрӯз шинос шуд.
Кормандони осорхона дар ин рӯз бори аввал як гӯшаи намоиширо таҳти унвони «Саҳми кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар тадқиқи ёдгориҳои бостонии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» ташкил карданд.
Гӯшаи намоишӣ корҳои тадқиқотӣ ва бостоншиносии гурӯҳи 12- нафараи бостоншиносон ва тармимгарони тоҷикро, ки аз соли 2012 дар Афғонистон фаъолият доштанд, фарогир аст.
Ин гӯша инъикосгари ҳамкории фарҳангию таърихӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯст- Тоҷикистону Афғонистон буда, он дар таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар байни ду кишвар саҳми назаррас дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






