Ошкорсозии хонаи пинҳонии С. Ҳусайнӣ дар Миср
Душанбе, 08.10.2015. (АМИТ “Ховар”). — Ман ҳамчун як толибилми азҳарӣ бисёр шунида будам, ки шайхони араб мунтазам ба роҳбарон ва аъзои ҲНИТ “кумакҳои бародарона” мерасонанд, аммо шоҳиди чунин ҳодиса нагардида будам. Вале ҳодисае, ки соли 2010 рух дод, мо донишҷӯёни тоҷикро ба ҳайрат гузошт, моҳи майи соли 2010 Саидумар Ҳусайнӣ муовини аввали ҲНИТ бо ҳамроҳии ҳамсараш Давлатова Сафармо ба Ҷумҳурии Миср сафар намуда, барои ба сар бурдани фарзандонашон Абдулло Умарӣ ва Ҳисайнов Тоҳир хонаи истиқоматии се ҳуҷрадор дар маҳалаи 7-ум, кучаи Ҳофиз Бадавӣ, иморати 21 хонаи 4, шаҳраки Насри Коҳира ба маблағи хеле гарон харидорӣ намуданд.
Муовини аввали ҲНИТ дар суҳбат бо мо таъкид намуд, ки хонаи харидааш тақрибан 50 000 (панҷоҳ ҳазор) доллари амрикоӣ буда, барои таҳсили фарзадонаш дар Миср харидорӣ шудааст. Ҳамчунин писари ӯ Ҳисайнов Тоҳир дар назди мо борҳо таъкид намуд, ки хонаҳои дар Миср ва Туркия буда, умуман ба маблағҳои махсуси ҳизб дахл надорад. Ҳ.Тоҳир муътақид аст, ки он маблағҳо аз ҷониби “бародарони мусалмон” “тақдим” гардидааст.
Бино ба гуфтаи Т. Ҳисайнов, падараш С. Ҳусайнӣ мақсад доштааст, ки санаи 16 сентябри соли 2015, аз тариқи хатсайри Душанбе-Алмаато-Қоҳира вориди Миср гардида, дар шаҳри Қоҳира дар хонаи мазкур паноҳ барад. Аммо С. Ҳусайниро соати 11:00 ҳамон рӯз ҳангоми фирор, аз дохили ҳавопаймо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир намуданд.
Саидназаров Муҳаммадазиз,
донишҷӯи донишгоҳи Азҳар








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






