Ҳосили картошка ва сабзавот афзудааст
Душанбе, 10.09.2015, (АМИТ «Ховар»).- Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ имсол дар майдони 21 ҳазору 219 гектар кишти картошка гузаронида шудааст. Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ то 2 октябр майдони 16 ҳазору 963 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 111 гектар зиёд мебошад.
То 2 октябр дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 373 ҳазору 310 тонна картошка истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 ҳазору 038 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 220,1 сентнериро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 сентнерӣ зиёд мебошад.
Бино ба иттилои Вазорати кишварзӣ соли ҷорӣ, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ майдони 28233 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки то 2 октябр майдони 26950 гектари он ҷамъоварӣ шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4501 гектар зиёд мебошад. То имрўз дар ҷумҳурӣ ба миқдори 632 ҳазору 323 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 119 ҳазору 591 тонна зиёд аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






