Осорхонаи Ҳисор ва нақши он дар таҳкими хештаншиносӣ
Душанбе, 19.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар арафаи таҷлили ҷашни 3000- солагии Ҳисор дар қатори чандин иншооти дигар Кохи фарҳанг, осорхона, Китобхонаи марказӣ бо тарҳу симои хеле зебо ва замонавӣ қомат афрохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Қомат афрохтани ин муассисаҳои фархангӣ на танҳо симои шаҳракро ба куллӣ дигар кард, балки он дар дигаргун гаштан ва боз ҳам ғанӣ гардонидани дунёи ботинии насли наврас ҳиссаи босазо хоҳад гузошт. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Осорхонаи ноҳиявӣ Юсуфҷон Қодиров ҳамсуҳбат шуд.
Ховар: Осорхона ҳамчун ҳофизаи таърих барои омӯхтани даврони гузашта ва тадқиқи таърихи миллат саҳми босазо дорад. Лутфан бигӯед, ки феълан дар ҳамин осорхонаи тозатаъсис чӣ миқдор нигораҳо мавҷуданд?
Юсуфҷон Қодиров: Алҳол дар осорхонаи ноҳияи Ҳисор беш аз 3 ҳазору 500 нигораи таърихӣ мавҷуд аст. Ҳамрӯза мардуми фарҳангдӯсту меҳанпарасти ноҳия нигораҳоеро, ки дар хонаҳояшон маҳфузанд ва ё аз заминҳояшон дарёфт менамоянд, ба ин осорхонаи зебою замонавӣ оварда месупоранд.
Мавриди зикр аст, ки сафи тамошобинони осорхона рӯз то рӯз меафзояд. Тамошобинон аз тамошои осорхона як ҷаҳон таассурот бардошта, дигаронро ҳам барои тамошои он ташвиқ менамоянд. Осорхона маҳфузгоҳ, пайвандгар ва муаррифгари таърихи ҳар миллату давлат маҳсуб мешавад. Дарёфт кардану ба маъраз гузоштан ва аз нестшавӣ эмин нигоҳ доштани ҳар нигораи таърихӣ на танҳо пешаи ҷонии кормандони осорхона, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Ховар: Мехостам дар мавриди нақши осорхона дар ҳифзи осори гузаштагон ҳарф мезадед.
Юсуфҷон Қодиров: Осорхонаҳо дар омӯзиши таърихи давлату миллат, худогоҳии миллӣ, таҳкими хештаншиносӣ ва аз як насл ба насли дигар расонидани осори гузаштаву имрӯзаи ҳар халқу миллат нақши муассир доранд. Боиси хурсандист, ки худи шакли берунии осорхонаи ноҳияи Ҳисор хеле зебову диққатҷалбкунанда аст.
Ифтитоҳи осорхона барои мо кормандони осорхона ва кулли мардуми Ҳисор фоли нек ва воқеаи дорои аҳамияти муҳим ва фаромӯш нопазир аст. Нигораҳое, ки дар осорхонаи ноҳия маҳфузанд, аҳамияти хеле калони таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ доранд. Мо кӯшиш менамоем, ки фонди осорхонаро бой кунем ва ин махзани таърихиро ба яке аз осорхонаҳои беҳтарини ҷумҳурӣ табдил диҳем.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






