Озмуни ровиёни ҷавон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
Душанбе, 03.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- » Ворисони Ҳамадонӣ»- таҳти ин унвон 2-уми октябри соли равон Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили сазовори 700- солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Рӯзи забони давлатӣ озмуни ровиёни ҷавонро баргузор кард.
Дар ҷараёни чорабинӣ равиёни ҷавони ташкилоту муассисаҳои таълимии ноҳияҳои И.Сомонӣ, Фирдавсиву Сино ва Шоҳмансури пойтахт аз зиндагиномаву эҷодиёти пурғановати мутафаккири Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ёдоварӣ карда, ҳамчунин ба хотири арҷгузорӣ ба волоияти забони ноби тоҷикӣ аз ашъори шоирони классику муосири тоҷик маҳорати суханварии хешро пешкаши меҳмонону ҷавонон гардониданд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ дар доираи эълон гардидани соли 2015 ҳамчун Соли оила ва арҷгузорӣ ба фарҳанги либоспӯшии миллати тоҷик намоиши либосҳои тарроҳони чор ноҳияи шаҳрро пешкаш гардониданд.
Дар чорабинӣ маҳорату истеъдоди суханварии ҷавонон баҳогузорӣ гардида, бо туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот қадрдонӣ шуданд. Ровиёни беҳтарин ва фаъолон барои ширкат дар даври ҷумҳуриявии озмун пешниҳод шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






