Панҷакент: Пешгирии ақидаҳои бегонапарастӣ
Панҷакент, 20.10.2015.(АМИТ «Ховар») -Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки фаъолзанон ва бонувони барӯманди ноҳия мизи гирд баргузор гардида, дар он бобати нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи кишвар, таъмини амнияти ҷомеа, зиракию ҳушёрии шаҳрвандон дар робита бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид.
Бонувон вобаста ба воқеаҳои дар моҳи сентябр дар кишвар рухдода низ суҳбату андешаронӣ намуда, рафтори ноҷавонмардонаву хилофкоронаи Ҳ. Назарзода ва тарафдорони ӯро ҳамчун фарзандони нохалафи миллат маҳкум карданд. Дар ҷамъомади мазкур занону модарон фикру дархостҳои худро нисбат ба ин ҳодисаҳо иброз намуда, пешниҳод намуданд, ки дар масъалаҳои рӯ овардани занон ба фарҳанги бегона ва роҳ надодан ба ақидаҳои бегонапарастӣ байни тамоми кормандони идораҳо ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият масъулияти роҳбарони аввал баланд бардошта шавад.
Ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи ноҳия супориш дода шуд, ки кормандони кумита бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ вобаста ба масъалаи мазкур баробари сар задани чунин нооромиҳо дар кишвар ҳамарӯза дар маҳаллаву ҷамоатҳо бо занону модарон вохӯриҳо доир намуда, ҳодисаҳои рӯзҳои охирро қотеъона маҳкум намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






