Парлумон ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тағйирот ворид намуд
Душанбе, 09.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- Минбаъд ба маҳбусоне, ки мубталои бемории сил мебошанду аз истифодаи дору ва риоя накардани реҷаи табобат дар муассисаҳои ислоҳӣ саркашӣ менамоянд, маҷбуран дору ва ғизо дода мешавад. Дар ин росто палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 24 ва ба қисми 5 моддаи 105-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийру иловаҳо ворид намуд. Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода-раиси комиссияи назорати дастури Маҷлиси намояндагон зимни шарҳи масъалаи мазкур гуфт,ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, пешгирии паҳншавии он, ки дар натиҷаи саркашии маҳкумшудагони гирифтори бемории сил аз истеъмоли дорувории зидди ин касалӣ ё ба пуррагӣ истеъмол накардани доруҳо, вайрон намудани реҷаи истеъмолӣ бармеоянд, мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






