Парлумон ба қонуни ҳаракат дар роҳ илова ворид намуд
Душанбе, 21.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- Минбаъд он воситаҳои нақлиётие, ки бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи идоракунӣ ё истифодаи муҳлати эътиборнокиашон гузашта идора мегарданд, боздошт шуда, то бартараф кардани камбудиҳои мазкур дар истгоҳҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин робита вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба сархати якуми банди «б»-и моддаи 31-и лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» меъёри алоҳида ворид намуданд.
Зимни тавзеҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» Умарзода Икром Ислом -муовини вазири корҳои дохилии кишвар гуфт, ки ҳадафи лоиҳаи қонуни мазкур таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад.
Мавсуф афзуд, ки тибқи моддаи 31-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» шаҳрвандоне, ки воситаҳои нақлиёти худро дар ҳолати носози техникӣ, бо шишаҳои сиёҳу хира, рақамҳои қисму айниятҳояшон ё аломатҳои бақайдгирии давлатиашон пинҳон ё бо роҳи сохтакорӣ тағйир дода шудаанд, инчунин ҳангоми идора намудани воситаҳои нақлиёт бе ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ идоракунӣ ё истифодаи он идора менамоянд, воситаҳои нақлиёти онҳо боздошт шуда, то бартараф кардани камбудиҳои мазкур ё дидани чораҳои дахлдор дар истгоҳҳои махсус нигоҳ дошта мешуд. Аммо меъёри алоҳида оид ба воситаҳои нақлиётие, ки шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи идоракунӣ ё ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи муҳлати эътиборникиашон гузашта идора менамоянд, мавҷуд набуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






