«Рӯ ба сӯи муваффақият»
Душанбе, 10.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо магистрантон дар мавзӯи «Рӯ ба сӯи муваффақият» дарси кушод баргузор шуд.
Шамсиддин Орумбекзода оид ба муваффақиятҳои Вазорати фарҳанг, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба даст омадаанд, сухан гуфт. Дар ҷамъомад магистрантон ба саволҳои худ, ки ба мавзуъҳои гуногуни соҳаи фарҳанг, матбуот ва табъу нашр, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, санъати миллӣ ва рушди имрӯзаи он тааллуқ доштанд, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Бояд гуфт, ки Раёсати Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба тайёр намудани магистрантҳо аз рӯйи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» дар давоми шаш соли охир ҳамкориро ба роҳ монда, тибқи нақшаи таълимии магистратура шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ва коршиносони шинохтаи байналмилалиро барои хондани «Дарси озод» дар ҳаҷми як соати академӣ даъват менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






