Р. Раҳимзода ҷавонони «Пешоҳанг»-ро ба пешоҳангӣ даъват кард
Душанбе, 08.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз, 07 октябри соли равон вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо як зумра ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг»-и кишвар вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни суҳбати озоду самимӣ бо намояндагони насли ҷавон Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки яке аз самтҳои асосии мақомоти корҳои дохилӣ таҳким бахшидани робитаи доимӣ бо ҷомеа мебошад. Вохӯрии мазкур низ дар заминаи ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳли ҷамоат равона гардидааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум, ба хусус бо ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар самти пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни дорои хусусияти террористиву экстремистӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, инчунин эҳтиром гузоштан ба рукнҳои давлатдорӣ, пешгирии ақидаҳои ифротгароӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






