Рӯзҳои фарҳангии Беларус дар Тоҷикистон
Душанбе, 03.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади иҷрои муқаррароти Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва ҳунар аз 15-ум то 19-уми октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешаванд.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, вобаста ба ин рӯйдоди муҳиму бонуфузи байналмилалӣ, ки баҳри таҳкими робитаҳои минбаъдаи фарҳангӣ нақши хосса хоҳад гузошт, вазорат ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию бадеӣ ва бо риояи тартиби анъанавии меҳмонпазирии миллӣ баргузор шудани рӯзҳо нақшаи чорабиниҳоро таҳия намудааст.
Оид ба баррасии масъалаи мазкур дирӯз, 2 октябр вазири фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон Ш. Орумбекзода бо Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Гаврук Олга Анатолевна мулоқот намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






