Рабудани беш аз 14 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ду ҷавон
Душанбе, 12.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Кормандони милитсия ду ҷавонмардро дастгир карданд, ки бо ҷурми дуздӣ айбдор мешаванд.
Бино ба иттилои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Қумсангир зани 37-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намуда, гуфт, ки шаби 19-ум ба 20-уми сентябр шахсони номаълум ба тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз дохили ҷевон як планшет, як телефони мобилии тамғаи «Самсунг», 1000 доллари амрикоӣ, 6000 рубли ФР ва 1300 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 14 ҳазору 180 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия 11-уми октябри соли ҷорӣ ду ҷавони 24 ва 25-соларо аз ноҳияи Қумсангир бо ҷурми даст доштан дар ин дуздӣ дастгир намуданд.
Далели шайъӣ гирифта шуда, нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






