Равобити фарҳангии Тоҷикистону Беларус тавсеа меёбанд
Душанбе, 16.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- «Ҳамкории фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус беш аз пеш тақвият меёбад», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон дар Душанбе Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон.
Мавсуф афзуд,ки шоми имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ ифтитоҳ меёбанд, ки ҳадаф тавсеаи равобити фарҳангӣ миёни ду кишвари дӯсту бародар -Тоҷикистону Беларус аст. Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ афзуд, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд бо фарҳанги бою пурғановати мардуми Беларус аз наздик ошно гарданд. Мавриди зикр аст, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Беларус ҳайати калони фарҳангии ин кишвар таҳти роҳбарии Василий Черник -муовини вазири фарҳанги Беларус вориди Душанбе гардидааст. Интизор меравад, ки дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоиши аксҳо таҳти унвони «Беларуси муосир» аз хазинаи «БелТА», намоиши филмҳои ҳунарӣ ва тасвирӣ, аз қабили «Осори ҳавворон» ва «Қалъаи Брест» ташкил шавад.
Ҳайати фарҳангиёни Беларус фардо ба шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор сафар намуда, дар Қасри фарҳанги шаҳри Турсунзода барномаи консертиро пешкаши сокинони ин шаҳр мегардонанд. Ҳамзамон меҳмонон аз муассисаҳои фарҳангии Ҳисор ва ангурбоғҳои он боздид хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






