Роҳҳои татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Масъалаи баргузории конфронси ҷумҳуриявии «Роҳҳои татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» имрӯз, 12 октябр дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи кории назди раиси кумита баррасӣ шуд. Дар назар аст, ки конфронси ҷумҳуриявӣ 25 ноябри соли 2015 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида шавад.
Мақсади конфронс шиносоии доираи васеи иштирокдорон бо Кумитаи рушди маҳал дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти «Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои давраи то соли 2030», инчунин ҷалби иштирокдорон барои дуруст ба роҳ мондани роҳҳои татбиқи Консепсия мебошад.
Дар назар аст намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти марказӣ, маҳаллӣ, худидоракунии маҳаллӣ, корпусҳои дипломатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкилоти байналмилалӣ ва соҳибкорон дар ин конфронс иштирок намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






