Роҳҳои вилояти Суғд беш аз нақша таъмир гардиданд
Душанбе, 12.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- То 1 октябри соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 3393,6 км роҳҳои мошингард, аз ҷумла 131,1 км таъмири асосӣ , 1357,1 км таъмири ҷорӣ ва 1905,4 км шағалпӯш шуданд. Нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта роҳҳои таъмиршуда 129,9%-ро ташкил доданд. Бо вуҷуди таъмин гардидани нақшаи таъмири роҳҳо, дар натиҷаи дар сатҳи паст қарор доштани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ҷиҳати ҷалби соҳибкорон, сокинон ва корхонаву муассисаҳо ба корҳои ободонию созандагӣ дар як зумра шаҳру ноҳияҳо нақшаи таъмири асосии роҳҳо ҳоло ҳам ба талабот ҷавобгӯй нест.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






