Роғун: «Ҷилваи чакан» ва «Солномаи оила» ҷамъбаст шуданд
Роғун, 22.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли 2015 ҳамчун соли оила шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар ҳамкорӣ бо бахши САҲШ-и шаҳр ва бахши фарҳанг даври ҷамъбастии озмуни «Солномаи оила» ва фестивал-озмуни «Ҷилваи чакан»-ро бо шаҳомати хосса баргузор намуданд, ки дар ин чорабинӣ намояндагон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар анҷоми озмуни мазкур меҳмонон ба ҳунару маҳорат ва маърифати оиладории мардуми шуҳратманди Роғун баҳои баланд дода, ба ғолибон барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Хандаи ҳусн» ва «Ҷилваи чакан» роҳхат дода шуд.
Барои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ғолибони озмуни «Солномаи оила» ва «Ҷилваи чакан» аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин барои дастгирии оилаҳои ҷавон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун як ҷуфт тўйи домоду арӯсӣ ва хатнасури 6 кўдак аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






