Рушди туризми экологӣ бо мақсади беҳдошти сифати зиндагӣ
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили ҳафтаи соҳибкорӣ ва нахустин «Рӯзи соҳибкор» дар кишвар дар заминаи баррасӣ намудани нақши соҳаи сайёҳӣ дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори он, ҳамзамон тарғибу ташвиқи имкониятҳои туристии мамлакат 12 октябри соли 2015 дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон семинари омӯзишии «Рушди туризми экологӣ бо мақсади беҳдошти сифати зиндагии аҳолии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ»-ро доир намуд. Дар семинар муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ризо Назарзода, роҳбарияти ноҳия, ҳунармандони маҳалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар семинар Назарзода Ризо оид ба имкониятҳои сайёҳӣ дар ноҳияи Муъминобод, аз ҷумла, туризми экологӣ ибрози андеша карда, таъкид дошт, ки мавзеъҳои ҷолиби ноҳия, хусусан «Чилдухтарон» имрӯз таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Дар семинар гуфта шуд, ки дар ноҳия имкониятҳои сайёҳӣ зиёданд, аммо то ҳанӯз аз онҳо ба таври васеъ истифода намешавад.
Дар зимн масъулин тасмим гирифтанд, ки барои боз ҳам рушду инкишоф додани туризм дар маҳал чораҳои заруриро рӯи даст гирифта, таҳияи харитаи туристии ноҳия, афзоиш додани истеҳсоли армуғону туҳфаҳо барои сайёҳон ва фаъол намудани хатсайрҳои туристиро ба роҳ монанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






