Русия: ДИИШ аз мавзеъҳои худ дар Сурия ақибнишинӣ мекунад
Душанбе, 16.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Маскав мегўяд бо идомаи пешравиҳои артиши Сурия, ки бо ҳимояти неруҳои ҳавоии Русия сурат мегиранд, ба назар мерасад террористҳои такфирии ДИИШ дар ҳоли тарки мавзеъҳои худ дар Сурия мебошанд. Генерал Игор Каношенков, сухангўи Вазорати дифои Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, ки террористҳо дар ҳоли ақибнишинию мавзеъгирӣ дар минтақаҳои нав ва татбиқи низоми логистикӣ барои таъмини аслиҳа ва таҷҳизот ҳастанд. Каношенков афзуд: «Русия саргарми таҳлили иттилоотии манбаъҳои русӣ ва маркази иттилоотии муштарак дар Бағдод- пойтахти Ироқ дар мавриди ҳодисаҳои Сурия аст. Мавриди зикр аст, ки Ироқ, Эрон, Сурия ва Русия пештар барои мубориза бо созмонҳои террористии фаъол дар Ховари миёна, ба хусус ДИИШ, маркази иттилоотии Бағдодро ташкил доданд. Ин мақоми низомии русӣ афзуд : «Ба хотири таҳлил ва баррасии ин иттилоот, теъдоди парвозҳои шиносоиро афзоиш додаем». Дар ҳамин ҳол, дидбони мавсуф ба ҳуқуқи башари Сурия рўзи панҷшанбе аз иҷрои дасти кам 15 ҳамлаи ҳавоии ҷетҳои рус дар шаҳри ошӯбзадаи Талбиса ва минтақаҳои атроф хабар дод, ки бо ҳалокати шаш террорист анҷомидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






