«Рўзи соҳибкор» дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ
Душанбе, 09.09.2015, (АМИТ «Ховар») -Вохўриҳо бахшида ба таҷлили нахустсолгарди «Рўзи соҳибкор» дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода баргузор гардиданд.
Дар мулоқоти мазкур намояндагони тамоми мақомоти дар сарҳад фаъолияткунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, дархосту пешниҳодҳои ба миён омадаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сипас намояндагони робитаҳои иқтисоди хориҷӣ зимни баромадҳо оид ба дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат аз фаъолияти соҳибкорон ёдовар шуда, зикр намуданд, ки онҳо бояд дар пешрафту тараққиёти мамлакат саҳмгузор бошанд.
Инчунин аз тарафи раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ба як гурӯҳ соҳибкорон, ки бо мақомоти гумрук пайваста ҳамкории судманд доранд, барои зиёд гардидани гардиши молӣ «Раҳматнома»-ҳо тақдим шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






