С. Шойгу: чор киштии Русия 26 ракетаро ба мавқеъҳои ДИ дар Сурия сар доданд
Душанбе, 07.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чор киштӣ аз маҷмӯи киштиҳои ҳарбии флотилияи баҳрии Хазар субҳи имрӯз ба мавқеъҳои ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар Сурия бо 26 ракетаи болдор зарба заданд, ки ҳама ба ҳадаф расиданд ва дар миёни аҳолии осоишта талафот ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин бора вазири дифои Федератсияи Русия Сергей Шойгу зимни мулоқот бо Президенти Русия Владимир Путин хабар дод.
«Барои нобуд кардани ҷангиён, ба ғайр аз неруҳои ҳавоӣ, субҳи имрӯз киштиҳои ҳарбии баҳри Хазар истифода шуда, чор киштии ракетадор 26 ракетаи болдори мавқеи баҳрии «Калибр»-ро ба 11 ҳадаф сар доданд»,-гуфт Шойгу ба шабакаи телевизионии «Русия 1».
Мавсуф илова кард, ки тибқи иттилои расида, тамоми ҳадафҳо нобуд карда шуданд ва шаҳрвандон зарар надидаанд. «Натиҷаи зарбаҳо самаранокии баланди ракетаҳоро дар масофаҳои калон- қариб дар 1,5 ҳазор километр тасдиқ карданд»,-таъкид кард вазир.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






