Садамаҳои марговар аз сабаби идораи нодурусти мошин
Душанбе, 31.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — 30 октябри соли равон ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра”, сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакии Ваҳдат аз уҳдаи идораи мошин набаромада, сокини 41-солаи маҳаллиро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи мошини тамғаи “Опел”, сокини 43-солаи шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи К. Хуҷандии ш. Конибодом бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, сокини 35-солаи ш. Қайроққум бархӯрдааст. Дар натиҷа мошини тамғаи “Опел-Астра” дар тарафи рости роҳ ду сокини шаҳри Конибодом- зани 60-сола ва марди 54-соларо пахш намудааст. Ҳар ду пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, зани 60-сола пас аз чанд муддат ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






