Сафари ҷавонони фаъол ба Федератсияи Русия
Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Гурӯҳи 18 нафараи ҷавонон иборат аз намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ва гурӯҳи «Пешоҳанг» бо мақсади суҳбату мулоқоти озод бо ҷавонони тоҷик, ки дар Федератсия Русия кору таҳсил менамоянд, ба шаҳри Маскав сафар намуд.
Дар доираи сафар намояндагон бо ҷавонони тоҷик дар шаҳру вилоятҳои гуногуни Русия, аз қабили Твер, Санкт-Петербург, Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия, ки дар он ҷо шумораи зиёди тоҷикон ба кору таҳсил машғуланд, мулоқот доир менамоянд.
Дар назар аст дар мулоқот ҷавонони фаъол доир ба дастовардҳои кишвар дар даврони соҳистиқлолӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди назар маърӯза ва гуфтугӯ намоянд.
Ҳамчунин зимни мулоқот ба ҷавонону донишҷӯён ва муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кору фаъолият доранд, бештар аз 1000 нусха ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ва 3000 буклети иттилоотӣ, ки аз ҷониби КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» таҳия гардидаанд, тақсим мешаванд.
Дар сафар ҷавонони фаъолро муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода ва мушовири калони вазири корҳои дохилӣ Мансур Бухоризода ҳамроҳӣ менамоянд.
Ин аввалин бор аст, ки ҷавонони фаъоли кишвар бо мақсади суҳбати озоду мулоқот ва огоҳ гардидан аз шароити таҳсилу кори ҳамсолони худ ба хориҷи кишвар сафар менамоянд.
Дар ин бора Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






