Сарихосор: омодагӣ ба давраи зимистон ҷараён дорад
Балҷувон, 24.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Муассисаҳои тиббию тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳои ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон дар соли равон низ бо хоҷагии ҷангал шартнома баста, ҳезум захира намудаанд. Дар калонтарин муассисаи таълимии ҷамоати деҳот муассисаи таълимии рақами 9-и деҳаи Шаҳидон шишабандии синфхонаҳо пурра ба охир расида, печҳо васл гардидаанд ва захираи ҳезум идома дорад. Ба гуфти Азизулло Шокиров, директори муассиса дар беморхонаи рақаи 2-и маркази ҷамоати деҳоти Сарихосор чун солҳои пешин миқдори зарурии ҳезум ва дигар намуди маводи сӯхт захира шудааст. Беморхонаи мазкур ба беш аз 7 ҳазор аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад ва дар фасли сармо бисёри беморон бистарӣ мешаванд. Ба ғайр аз 12 куб ҳезуми аз соли гузашта боқимонда имсол 45 куб ҳезуми дигар дар анбори беморхона захира шудаанд. Дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ низ ба маъракаи зимистонгузаронӣ омодагии хуб ҷараён дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






