Саршумори чорвои калони шохдор 2,7 фоиз афзудааст
Душанбе, 24.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-То 1 октябри соли 2015 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2154,8 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,4 ҳазор сар ё 2,7 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гўсфанду буз 5217,3 ҳазор сарро ташкил дода, 148,7 ҳазор сар ё 2,9 фоиз афзудааст. Аз саршумори умумии чорвои калони шохдор 92,6 фоиз ва саршумори гўсфанду буз 81,2 фоиз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли гўшт (дар вазни зинда) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 117304 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 4,6 фоиз, шир 563660 тонна ё (3,3 фоиз), тухм 255,1 млн. дона ё (6,0 фоиз), пашм 5591 тонна ё (3,5 фоиз) ва асал 3253,4 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 6,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 833,2 тонна пилла истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 фоиз кам аст.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2015 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии ҷангалпарварӣ 3035 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 фоиз кам шудааст. Дар хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ аз саршумори умумии чорвои бахши ҷамъиятӣ 566 сар чорвои калон аз он 177 сар модагов; 7900 сар гўсфанду буз, 702 сар парранда ва 552 сар асп ба ҳисоб гирифта шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калони шохдор 4 фоиз, аз ҷумла саршумори модагов 3,5 фоиз; парранда 1,6 фоиз ва саршумори асп 1,8 фоиз зиёд шуда, саршумори гўсфанду буз 3,7 фоиз кам шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли 2015-ум 12 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз зиёд аст.
Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2015 дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ сайди моҳӣ 694 тоннаро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 — ум 101,2 фоизро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






