Шахсе, ки 10 ҳазор сомонӣ дуздид, дастгир гардид
Душанбе, 17.10. 2015 (АМИТ “Ховар”). — Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ сокини 33-солаи шаҳри Душанбе, муроҷиат намуд, ки рӯзи 2-юми октябри соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо маблағи пулиро бо асъори гуногун: 83 ҳазор рубли ФР, 1250 доллари ИМА, 100 евро ва 1500 сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 18-солаи шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.
Ҳамчунин рӯзи 16-уми октябри соли равон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони дигари 18-солаи сокини ш.Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони дуздӣ дастгир гардид. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда 10-уми октябри соли равон, дар кӯчаи Н. Қарабоев, назди бозори “Султони Кабир”-и ш.Душанбе аз дохили мошини тамғаи “Тойота-Прадо”, ки ба сокини 30-солаи пойтахт тааллуқ дорад, як телефони мобилии тамғаи “Айфон-4”, ки арзишаш 2050-сомониро ташкил медиҳад ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 10000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






