Шартномаи «Зарафшон» бо «Коргоҳи мошинсозӣ»
Душанбе, 28.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва рушди саноати миллӣ 27-уми октябри соли равон байни ҶДММ КМ «Зарафшон» ва КВД «Коргоҳи мошинсозӣ» шартнома оид ба харидорӣ намудани хатти технологии рехтагарӣ ба маблағи 5 млн. сомонӣ ба имзо расид.
Бино ба иттилои котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, барои дастгирии фаъолияти КВД «Коргоҳи мошинсозӣ» аз тарафи ҶДММ КМ «Зарафшон» 1 млн. сомонӣ пешпардохт шуд. Ин иқдом имконият медиҳад, ки қисмҳои эҳтиётӣ, ки барои корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ аз хориҷи кишвар ворид мешуданд, дар дохили кишвар истеҳсол гардида, боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ, кам кардани арзиши аслии маҳсулот шуда, ба зиёд намудани маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






