Шиносоии Сарвари давлат аз ҳолати роҳҳои вилояти Суғд
Душанбе, 19.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шинос шудан аз ҳолати роҳҳои мошингарди аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар кард. Сарвари давлат дар роҳи сафар ба вилояти Суғд бо ҳолати роҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Чкаловск, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроқум шинос шуд.
Аз ҷумла, дар як қитъаи роҳи мошингарди навбунёди Айнӣ-Панҷакент Президенти мамлакат шахсан пушти чамбари мошин нишаста, сифати ин роҳро аз назар гузаронд ва ба самараи кори роҳсозон баҳои баланд дод.
Чунонки зикр гардид, камбудиҳои ҷузъӣ дар роҳи Айнӣ-Панҷакент вуҷуд доранд, вале азбаски муҳлати сохтмони ин роҳ ҳоло анҷом наёфтааст, изҳори бовар шуд, ки ҳамаи нуқсонҳои ҷойдошта бартараф мегарданд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз ҳолати роҳҳо аз нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» убур карда, ба сифати корҳое, ки барои такмили пурраи нақби мошингарди «Истиқлол» идома доранд, баҳои баланд дод.
Мавриди зикри хос аст, ки новобаста аз боришоти борону барф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе тавассути роҳи мошингард ва ағбаву нақбҳо то вилояти Суғд беш аз 700 километрро тай карда, барои мулоқот бо сокинони меҳнатқарин ва меҳмоннавози шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ин минтақаи ҷумҳурӣ ташриф овард.
Баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, асос гузоштан ба бунёди як қатор биноҳои дигар зимни суҳбату мулоқотҳои самимию созанда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, ки баҳри пешрафту шукуфоии Ватан ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст, ба сокинони вилоят супоришҳои мушаххас дод.
Сарвари давлат доир ба бартараф намудани камбудиҳое, ки дар роҳҳои дигари шаҳру ноҳияҳои номбурда муайян гардиданд, ба масъулини маҳаллию ҷумҳуриявӣ супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






