Ширкатҳои Олмон дар Форуми Душанбе 2015
Душанбе, 10.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи маълумоти Сафорати Тоҷикистон дар Олмон беш аз 20 ширкат, доираҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва бонкии Ҷумҳурии Федеролии Олмон омодагии худро барои ширкат дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 тасдиқ намудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Олмон барои ҷалби сармояи Олмон ба Тоҷикистон чорабиниҳои муаррифии имконияту захираҳо ва фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, нишастҳо, форумҳо ва мулоқоти зиёде доир менамояд. Ин аст, ки таваҷҷуҳи доираҳои сармоягузории Олмон ба Тоҷикистон рӯз ба рӯз меафзояд. Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли ҷорӣ Форуми иқтисодии Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он якчанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






