Симои лингвистии шаҳрҳо дар замони истиқлол
Душанбе, 01.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-2 октябр дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Симои лингвистии шаҳрҳо дар замони истиқлол» мизи мудаввар доир мегардад.
Ҳамоиши мазкур ба Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр ҷашн гирифта мешавад, бахшида шудааст.
Дар мизи мудаввар масъалаи номгузорӣ ва иваз намудани номи шиору овезаҳо, лавҳаҳо ва маводи тарғиботӣ баррасӣ шуда, тарзи дурусти навишти онҳо ба забони давлатӣ мавриди муҳокимаи намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳот, мақомоти шаҳрдорӣ, устодони донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт қарор мегирад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






