Синамогарони мамлакат филми «Садбарг»-ро ба тамошобинон пешниҳод мекунанд
Душанбе, 16.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Cинамогарони мамлакат имрӯз иди касбии худро ҷашн мегиранд. Таърихи кинои тоҷик аз соли 1930 — замоне, ки бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон кинолабораторияи хурд бо номи «Тоҷиккино» таъсис дода шуд, оғоз мегирад. Дар ибтидо дар ин коргоҳи ҳунар филмҳои ҳуҷҷатӣ ва аз соли 1932 филмҳои бадеӣ ба навор гирифта шудаанд. Дар тӯли фаъолияти худ синамогарони тоҷик даҳҳо филмҳои ҷолиб ба навор гирифтанд, ки машҳуртарини онҳо «Марги судхӯр», силсилафилмҳои «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш», ҳамчунин филмҳои «Нисо», «Субҳи ҷавонии мо», «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Марди мутааллиқи ду зан», «Ашк ва шамшер», «Қисмати шоир» миллионҳо тамошобинони кишварҳои гуногуни оламро ба ваҷд овардаанд.
Синамогарони мамлакат новобаста ба мушкилоти моддӣ-техникӣ тавонистанд дар солҳои охир чандин филмҳои ҳунармандонаи касбӣ, аз ҷумла филмҳои «Оинаи беҷило», «Муаллим», «Сафари ҳавоӣ», «Комил»-ро ба навор гирифта, пешкаши тамошобинон кунанд. Ба иттилои Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ҳоло филми бадеии «Садбарг» аз тарафи синамогарони тоҷик таҳия шуда, рӯзҳои наздик пешкаши тамошобинон хоҳад гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






