«Синдром» роҳи Восеъ-Ховалингро навсозӣ мекунад
Душанбе, 15.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Навсозии роҳи 88- километраи Восеъ-Ховалинг босуръат идома дорад.
Роҳи мазкур бо маблағи грантии Бонки Осиёии Рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷмӯъ 32 миллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд, аз ҷониби Ширкати «Синдром»- и Ҷумҳурии Мардумии Чин навсозӣ гашта истодааст. Дар баробари таҷдиди роҳ, 12 кӯпруки он низ навсозӣ мешаванд.
Роҳсозон бо назардошти наздик омадани фасли сармо тамоми қувваи худро баҳри вусъат бахшидани корҳо равона карда, дар айни замон 49 фоизи корҳои навсозии роҳу кӯпрукҳо ба анҷом расидаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






