Сокинони шаҳри Кӯлоб бо газ таъмин мешаванд
Душанбе, 22.10.2015. (АМИТ «Ховар ).- Идораи «Кӯлобгаз» ният дорад, ки «Чоҳи гази табиӣ» дар деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеъро ба кор андохта, баробари аз санҷиш гузаштани лӯлаҳо интиқоли ин навъи маводи сӯхтро ба хонаҳои сокинони шаҳри Кӯлоб оғоз гардонад.
Дар пайи кофтуковҳои ду соли ахир дар деҳаи кӯҳдомани Каримбердии ноҳияи Восеъ чоҳе ошкор шуд, ки ба гуфтаи масъулони корхонаи нафт, захираи он 11 миллион метри мукааб газро ташкил медиҳад ва барои аҳолии 100-ҳазорнафарии шаҳри Кӯлоб то даҳ сол кифоят мекунад. Ин газ аз қаъри 800-метрии замин бароварда шуда, аввал барои коркард ба корхонаи полоиши гази табии «Ҷалолиён» ва сипас ба хонаҳои сокинон интиқол меёбад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






