Сокинони вилояти Суғд бо маводи нашъаовар дастгир гардиданд
Душанбе, 27.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- Аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ шаҳрванди 24-солаи муваққатан бекор дастгир шуд. Дар натиҷаи кофтукови шахсӣ аз ӯ маводи ҷигарии дорои бӯйи махсус дарёфт ва мусодира шуд.
Мувофиқи маълумотномаи ташхисӣ маводи мусодирашуда воситаи нашъаовари навъи “ҳашиш “ буда, вазнаш қариб 6 килограммро ташкил дод.
Инчунин рӯзи якшанбе ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ аз тарафи кормандони Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд шаҳрванди 43-сола — истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд бо як бастаи полиэтиленӣ бо маводи фишурдашудаи рангаш ҷигарии дорои бӯйи махсус дастгир гардид.
Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки дастгиршуда пеш барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шудааст, аммо ба озодӣ баромада, боз даст ба ҷиноят задааст.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои иловагӣ ҳаммаслаки ӯ — сокини шаҳри Хуҷанд дастгир гардид, ки маводи нашъаоварро дар ҳудуди шаҳр паҳн менамуд.
Оид ба ҳар ду ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 КҶ ҶТ оғоз шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






